ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Роҳбари Чин Си Ҷинпин, ки бо сафари расмӣ дар Русия қарор дораду дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин иштирок дошт, пас аз ҷаласаи умумии форум қариб буд, ки аз саҳна афтад.
Пас аз анҷоми чорабинӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони кишварҳои гуногун ба ҷониби саҳна шитофтанд - касе мехост ба роҳбарон савол диҳаду дигаре дар наздашон акс гирад.
Рӯзноманигорони Чин дар ин "маърака" фаъол буданд. Онҳо бо ҳар роҳ диқати Си Ҷинпинро ҷалб кардан мехостанд.
Нихао! Журналисты китайского пула так горячо приветствовали Си Цзиньпина, что чуть не уронили китайского лидера. Охрана Путина помогла ему удержаться pic.twitter.com/7n1JQaYqA6
— Кремлевский пул РИА (@Kremlinpool_RIA) 7 июня 2019 г.
Ҳамин тавр, раисҷумҳури Чин ба яке аз рӯзноманигорон даст дод ва наздик буд, ки аз саҳна афтад.
Ҷинпинро муҳофизони Путин доштанд.
"Рӯзноманигорон аз Чин дасти раисҷумҳурашонро чунон гарм фишурданд, ки Си Ҷинпин наздик буд, аз саҳна афтад. Роҳбари Чинро муҳофизони президенти Русия саривақт доштанд", - менависад РИА Новости.
Пас аз ин, президент оромона талорро тарк кардаасту навори "ҳодиса" дар интернет чарх мезанад.