Боздошти нашъаҷаллобону амалиёт: азми Рустам Эмомалӣ дар мубориза бо нашъа

© Sputnik / Amir IsaevМэр Душанбе Рустам Эмомали
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе бо қарори раиси шаҳр амалиёти "Кӯкнор-2019" баргузор карда мешавад. Мақсад аз баргузории амалиёти мазкур мубориза бо маводи мухаддир дар ҳудуди пойтахт гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бо қарори раиси шаҳр амалиёти "Кӯкнор-2019" баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Тибқи қарори раиси шаҳр, мақсад аз баргузории ин амалиёт ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мебошад.

Церемония сжигания наркотиков в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Мусодираи наздики 2 тонна маводи нашъадор дар пайи амалиёти "Кӯкнор-2018"

Амалиёт дар ду марҳила  аз 1 июн то 31 август ва аҳ 1 сентябр то 30 ноябри соли равон баргузор карда хоҳад шуд.

Барои баргузории "Кӯкнор-2019"  ситоди шаҳрӣ ташкил карда мешавад.

ВУД, кумитаи амният, агентии назорат бо маводи мухаддир вазифадор шудаанд, ки гурӯҳҳои оперативӣ ҷустуҷӯи таҳия кунанд.

Ситоди шаҳрӣ ӯҳдадор шудааст, ки дар як моҳ як маротиба ҷаласа доир намуда, аз рафти амалиёт -ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, дастгир кардани шахсони нашъаҷаллоб, муайян кардани ҷойиҳои истеъмол ва фурӯши нашъа ҳисобот диҳанд.

"Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис ва оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳо, бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ чораҳо андешанд", - гуфта мешавад дар банди панҷуми қарор.

Лентаи хабарҳо
0