Қарори Рустами Эмомалӣ барои омода кардани беҳтарин хӯриш дар Душанбе

Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир дар шаҳри Душанбе» баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар бораи баргузории озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир дар шаҳри Душанбе», қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин озмун бо мақсади иҷрои банди 23 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, гузаронида хоҳад шуд.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ: аз харҷи маблағҳои буҷетӣ ҳар шашмоҳа ҳисобот диҳед

Дар ин росто, муовини раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ доир намудани озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир дар шаҳри Душанбе» дар даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ вазифадор шудаанд.

Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир», ки аз ҷониби раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор хоҳад шуд.

 Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор шудааст.    

Ёдовар мешавем, ки қаблан Рустами Эмомалӣ дастур дода буд, ки бино бар ташрифи меҳмонон ва сайёҳони зиёд ба пойтахти Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки тарабхонаҳои шаҳр фаъолияташонро аз соати 11:00 оғоз намоянд.

Лентаи хабарҳо
0