Вакили Гулнора Каримова аз вазъи саломатии зерҳимояаш гила дорад

© Sputnik / Валерий Левитин / Гузариш ба медиабонкГульнара Каримова, архивное фото
Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳомии ҳуқуқи Гулнора Каримова шарҳ додааст, ки табибонро ба назди зерҳимояаш, ки ҳамеша зери фишорҳои равонӣ қарор доштааст,  иҷозати даромадан намедиҳанд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Грегуар Манжа, ҳомии ҳуқуқи Гулнора Каримова, духтари калонии собиқ раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз Швейтсария, дар саҳифаи интернетиаш дар Twitter хабар додааст, ки ба зерҳимояи ӯ имкони табобат кардан намедиҳанд.

Вай қайд кардааст, ки баъди охирон мулоқот бо Гулнора, зерҳимояашро аз табобатхонаи зиндон берун кардаанд. Грегуар Манжа ҳамчунин таъкид кардааст, табибонро ба назди Гулнора, ки ҳамеша зери фишорҳои равонӣ қарор доштааст,  иҷозати даромадан намедиҳанд.

Ҳомии ҳуқуқ мегуяд, ки саломатии зерҳимояааш ӯро дар таҳлука андохтааст. 

Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Узбакистон: Гулнора Каримова то ҳол дар зиндон мемонад

Дар аввали соли равон Додситони олии Узбакистон хабар дода буд, ки аз ҳабси хонагӣ дубора ба зиндон равон карданд. Сабаб ин аз ҷониби Гулнора вайрон намудани низом ва шартҳои ҳабси хонагӣ будааст.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2015 Каримова зери ҳабс қарор гирифт. Додгоҳ ӯро бо ҷурми ришваситонӣ ва насупоридани боҷи давлатӣ ба муҳлати 5 сол ҳабси хонагӣ карда буд. Ғайр аз ин то ҳол тафтишоти парвандаи ҷиноии Каримова аз рӯи дигар амалҳои ҷиноӣ идома дорад.

Бояд қайд кард, ки дар моҳи декабри соли 2017 Вазорати молияи Амрико номи  Гулнораро ба рӯйхати таҳримшудагон оид ба “қонуни глобалии Магнитский” ворид карда буд.

Он вақт Вазорати молия тасдиқ карда буд, ки Каримова ташкилоти ҷиноии “синдикат”-иеро роҳбарӣ мекардааст.

Лентаи хабарҳо
0