ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар бозиҳои World Junior Compatriot Games Сабрина Абророва соҳиби медали тилло гашт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, Сабрина Абророва медали тиллоашро дар намуди шоҳмот ба даст овардааст.
“Вай дар 11 даври мусобиқа соҳиби 10.5 хол гардид, яъне дар 10 давр ғалаба карда, 1 бозиро мусовӣ анҷом дод”, -таъкид намудааст манбаъ.
Инчунин дастаи баскетболбозони Тоҷикистон дар бозиҳои мазкур сазовори медали нуқра гаштанд.
Манбаъ зикр намудааст, ки ба барномаи бозиҳои мазкур 7 намуди варзиш – баскетбол, волейбол, тенниси рӯи миз, футболи хурд, шиноварӣ, гимнастикаи бадеӣ ва шоҳмот дохил буд. Варзишгарони навраси Тоҷикистон дар се намуд – баскетбол, шиноварӣ ва шоҳмот ширкат намуданд.
Бояд илова кард, ки ҷои дуюмро дар намуди шоҳмот миёни духтарон Умеда Омонова аз Узбакистон бо 10 хол ва ҷои сеюмро Азалия Мирланқизи аз Қирғизистон бо 9 хол ишғол карданд.
Дар мусобиқаи баскетбол 6 даста иштирок кард. Тими Абхазия бо 10 хол ҷои аввал, Тоҷикистон бо 8 хол ҷои дуюм ва Русия бо 7 хол ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки Бозиҳои ҷаҳонии наврасон қаблан думаротибаӣ дар шаҳрҳои Сочӣ ва Қазон баргузор шуда буд.
Имсол Бозиҳои ҷаҳонии наврасон аз 1 то 5 июн идома ёфта, дар он 650 варзишгари наврас аз 60 кишвари дунё ширкат намуданд.