Маслиҳати Путин ба кӯдакони тамоми ҷаҳон: бигзор Инҷил, Таврот ё Қуръон хонанд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зеро дар ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ғояҳои инсондӯстӣ ташвиқ карда мешаванд. Агар мо онҳоро пайгирӣ кунем, ин қонунҳоро риоя кунем, ҷаҳон беҳтар мешавад, гуфтааст Путин

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, ки барои кӯдакон хондани Инҷил, Таврот ё Қуръон аз манфиат дур нест, зеро дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ ғояҳои инсондӯстӣ ташвиқ карда мешаванд.

"Бигзор Инҷил хонанд, ки дар ҳама ҳолат аз манфиат холӣ нест, бигзор Таврот ё Қуръон хонанд. Ҳамаи ин китобҳо ба пуррагӣ ба манфиати писаракон ва духтаракон аст", - гуфтааст Путин дар мулоқот бо рӯзноманигорони хориҷӣ.

Рӯзноманигорон аз президенти Русия пурсидаанд, ки ӯ ба тамоми кӯдакони ҷаҳон хондани кадом китобҳоро тавсия медиҳад.

"Зеро дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ ғояҳои инсондӯстӣ ташвиқ карда мешавад. Агар мо онҳоро пайгирӣ кунем, ин қонунҳоро риоя кунем ҷаҳон беҳтар мешавад", - афзудааст Владимир Путин.

Лентаи хабарҳо
0