ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Фаррух Ҳамарлизода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилон гуфтааст, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Ҳамрализода изҳор дошт, ки масъалаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи “Сиёма” дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти Душанбе дар моҳи феврали соли 2017 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ пешниҳод гардида буд.
“Татбиқи лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби ширкати “Авесто Гуруҳ” маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ анҷом дода мешавад.
Бар асоси ин созишнома сармоягузори лоиҳа аз пардохти андоз аз фоида ва аксиз ба муҳлати 5 сол озод карда шуда, номгӯи молҳое, ки барои татбиқи лоиҳа ба Тоҷикистон ворид мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошанд.