Аъзам Атахонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар намоишгоҳ беш аз 40 асар, гулчине аз офаридаҳои ӯ аз соли 2006 ба инҷониб ба намоиш гузошта шуданд. Азам Атахонов гуфт, асарҳои шоирони классик ба мисли Ҷомиву Румӣ, наққошони Руми қадим ва Италия, рассомони қадимии рус сарчашмааи илҳомаш ҳастанд.
Наққош афзду, ба намоишгоҳ “Достони маънӣ” ном гузоштем ва ин намоишгоҳ ба модари азизаш, ки шаш моҳ пеш аз олам даргузаштааст бахшида шудааст.
Дар асарҳои Атахонов бештар зебоиҳои табиат, офаридаҳои дасти инсон, меъморӣ, боғу деҳот, хона ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтааст. Асарҳои Азам Атахонов дар Музейи давлатии санъати халқҳои шарқи Маскав, Осорхонаи санъати тасвирии Тотористон ва Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.
Аъзам Атахонов зодаи Душанбе аст ва аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекунад.