Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории саммити бузург дар пойтахти Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт ддар кадом кӯчаҳои шаҳр маҳдуд мешаванд.
Бино бар иттилои манбаъ, 14-15 июн ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз автобусу троллейбусҳо дар кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ, А. Рӯдакӣ, И. Сомонӣ, Н. Ганҷавӣ дар соатҳои баргузории чорабиниҳо маҳдуд карда мешавад.
Шаҳрдории Душанбе таъкид намудааст, ки ин иқдом ба хотири баргузории саммити бузург - Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) пеш гирифта шудааст.
Дар ин робита, аз сокинону меҳмонон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусу троллейбусҳо истифода баранд.
"Ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, метавонанд, аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар доираи саммити мазкур 27 роҳбари кишварҳои дунё меҳмони Тоҷикистон мешаванд.
Дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Исроил, Камбоҷа, Чин, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Тайиланд ва Туркия дар назар аст.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта аст. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остона воқеъ аст.
Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.