ВУД: Азизов бо асобағалаш ҳамсарро кушту гуфт муҳоҷират рафтааст - видео

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Азиз Азизови 54-сола, маъюби гуруҳи якум хабар дод, ки дар қатли ҳамсари дуюмаш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, ҳодиса дар шаҳраки навбунёди Сайҳуни вилояти Суғд рух дода, Азизов ҳамсараш - Ҷумъаева Малоҳат, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Пастиғави ҷамоати Иван Тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳро бо асобағалаш зада куштааст.

Манбаъ афзуд, ки ин ҷиноят шаби 11 ба 12 октябри соли 2018 рух дода, Азизов ҷасадро ба чоҳ партофта дар болояш ду мошин шағал рехтааст. Ба гузориши ВУД муттаҳам овоза паҳн намудааст, ки ҳамсарашро талоқ додаасту ӯ ба муҳоҷират рафтааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, баъди 8 моҳи бедарак шудани Ҷумъаева маълум гардид, ӯ аз дасти ҳамсараш кушта шудааст.

Худи Азизов дар шарҳи омилҳои даст ба ин ҷиноят задан изҳор доштааст, “мақсад тарсад гуфтам. Вақте ба сарам хест, бо асо задам, ғалтид”.

ВУД афзуд, ки ҷасад пайдо карда шуда, аз рӯи ҳодиса бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ – одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0