Садамаи маргбор дар рӯзи иди Рамазон: ронанда дар бемористону мусофир ба ҳалокат расид

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз чаппашавии мошин дар роҳи “Душанбе-Бохтар” хабар додааст, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 5-уми июни соли равон дар рӯзи таҷлили иди Рамазон дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” садамаи маргбор рӯх додааст.

Дорожный знак возле дороги Бишкек–Иссык-Куль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: пахши пиёдагарди хурдсол аз ҷониби ронандае, ки ба қафо мошин мерондааст

Бино бар иттилои манбаъ рӯзи 5 июн тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, Маҳмадҷонов Муҳаммадҷон Абдумуталибович, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Фалакони ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат, бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Бохтар” дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст. 

“Дар натиҷа, ронандаи Маҳмадҷонов М.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда, мусофири дохили мошини мазкур Сулаймонов Улуғбек, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0