ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ноҳияи Мастчоҳ даври ноҳиявии озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” баргузор гардид.
Тавре манбаъ қайд намудааст, дар озмун ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз рӯйи номинатсияҳои “Кандакорӣ”, “Гаҷкорӣ” ва “Оинабандӣ” ширкат варзиданд.
“Тибқи натиҷагирии ҳайати доварон дар номинатсияи “Кандакорӣ” ҳунармандон – Бобоев Баҳодур ва Набиев Додоҷон аз Ҷамоати деҳоти Оббурдон, дар номинатсияи “Гаҷкорӣ” ҳунарманд Ҳофиззода Шоҳэраҷ аз Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ва дар номинатсияи “Оинабандӣ” ҳунарманд Бобоева Зулайхо аз Ҷамоати шаҳраки Обшорон ғолибият ба даст оварданд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ додааст ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шудааст.