ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Акси ошпазии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар интернет марзи тамоми "рекорд"-ҳои шабакаҳои иҷтимоии Узбакистонро убур кард.
Аксеро, ки президент дар назди ошдон дег мекобад, духтари Мирзиёев - Саида дар саҳифаи Инстаграм ва Фейсбукаш нашр кард. Танҳо дар Инстаграм зери ин акс 40 ҳазор корбар "лайк" гузоштаанду ҳазорҳо дар Фейсбук бознашр кардаанд. Аз ҷумла корбарони тоҷик низ акси президентро бознашр кардаву ба риштаи баҳс кашидаанд.
Тавре аз шарҳи Саида бармеояд, Мирзиёев дар арафаи иди Фитр барои пайвандонаш оши палав пухтааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
"Баъзан падарам худашон барои мо ош мепазанд. Мо бошем, кӯмак мерасонем", - тавзеҳ медиҳад акси гузоштаашро духтари президент.
Корбарон навиштаанд, ки ин аввалин акси Мирзиёев аз ҳаёти муқаррарии ӯст. Бисёриҳо навиштаанд, ки мехостанд маззаи оши президентро чашанд.
Бархе аз корбарон гуфтаанд, ки бо дидани акси ошпазии президент падарони худро ба ёд оварданд, ки вақти дар ҳаёт будан, барои оила ош мепухтанд.
"Акс нишон медиҳад, ки президенти мо шахси оддиест, ки дар хона мисли ҳама бо либоси оддӣ барои хонаводааш ош омода мекунад", - навиштааст як корбари узбакистонӣ.
Бояд ёдрас шуд, ки Шавкат Мирзиёев дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро дорад. Дар он аз мулоқоту сафарҳои президент аксу видеоҳо гузошта мешаванд.