Поёнрасии моҳи шарифи Рамазон-иди Фитр унвон мешавад. дар ин рӯз саҳари барвақт мардон ба масҷидҳо барои газоштани намози ид рафта занон ба ороиши дстархон машӯул мешаванд.
Пас аз намоз ҳамдигарро бо иди саиди Фитр такрик намуда мардуми тоҷикистон ба аёдати азодорон, беморон, ятимону бепарсторон, ҳамсояҳо ва хеша ақрабо мераванд. Кӯдакон ба ҷамъ крадани ширинӣ машғул мешаванд. Мардум дар хонаҳояшон дастархони идӣ ороста ба хонаи ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд ва ба якдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.
Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо Иди Фитр шодбош гуфт.
"Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям", - омадааст дар паёми раисҷумҳур.
Пас аз адои намози Ид дар шаҳри Душанбе ва рустову ноҳияҳо ба хонаводаҳое, ки шахси наздикашон фавтида бошад, ҳамсояҳо ва аҳли гузар, маҳалла ва ё деҳа ҳамроҳи муллои ҳамон маҳал баъди намози ид рафта, дуову фотиҳа мекунанд. Дар ин рӯз мардон ба хонаҳои ҳамсоя ва ҳамдеҳагон рафта идгардак мекунанд.