Ҷавони нобино ҷаҳонро бо овозаш тасхир кард-видео

Обуна шудан
Овозхони 22-сола Коди Ли дар озмуни "Амрико ҳунар меҷӯяд", бо садояш мардумро ба ваҷд овард

Ҷавони нобино бо бемории аутизм, аз хурдӣ орзуи овозхон шудан мекард. Ва инак орзӯяш амалӣ шуд.

Модари Кодӣ нақл кард, ки писараш мусиқиро аз хурдӣ дӯст медорад.

Уроженец Таджикистана покорил жюри шоу ПЕСНИ на ТНТ - Sputnik Тоҷикистон
“Крутой чувак” аз Душанбе дар "ТНТ" Тиматӣ, Воля ва тамошобинонро тасхир кард - видео

"Ӯ мусиқӣ гӯш мекард ва чашмонаш пур аз нур мешуд. Вақте ӯ нахустин бор сароид, аз чашмонам ашк рехт ва ман дарк кардам ки ӯ-ҳунарманд аст",-гуфт Тина Ли.

Аз навор, ки да интернет ба зудӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки доварон аз ҷой бархоста аз ҳунари Коди истиқбол мекунанд.

То имрӯз видеои ҳунарнамоии Кодиро дар шабакаи YouTube 24 миллион кас тамошо кардааст. Ин навор дар таърихи барномаи "Амрико ҳунар меҷӯяд", аз маъруфтарин мебошад.

"Амрико ҳунар меҷӯяд" (America’s Got Talent) — тарҳи телевизионӣ дар шабакаи NBC мебошад.

Ин барномаест, ки дар он овозхонон, раққосаҳо, ҳаҷвнигорон ва дигар ашхоси ҳунарманд, ки мехоҳанд 1 миллион доллар бурд кунанд, ширкат менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0