ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия баргузор гардид.
Дар машваратҳои мазкур дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва маориф мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Ҳамзамон, ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба густариши бештари робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.