ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, 1-уми июни соли 2019, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдураҳимов Қурбоналӣ Макамтошович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” бархӯрдааст.
Ба иттилои ВУД, "Опел-Вектра", таҳти идораи ронанда, Нусратов Маҳмадӣ Азизулоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Данғара қарор доштааст, ки мусофиронаш низ аъзои хонаводаи ӯ будаанд.
“Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” хурдсолон Абдураҳимов Раҳим Раҳмонович, соли таваллудаш 2017, Абдураҳимов Султонҷон Усмонович, соли таваллудаш 2019, сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” шаҳрвандон Нусратов Азизуло Нусратулоевич, соли таваллудаш 1955 ва Нусратова Озода Азизулоевна, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи Данғара ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоия.
ВУД афзуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Абдураҳимов Қурбоналӣ ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Нусратов Маҳмадӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мақомот таъкид карданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.