Шарҳи КҲФ дар бораи харобкории офатҳои ду рӯзи охир

© КЧС ТаджикистанаСход селей в Таджикистане
Сход селей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон харобкориҳои селу боронҳои ду рӯзи охирро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, 2 июни соли 2019 дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ва ду деҳоти ноҳияҳои Фархору Восеи вилояти Хатлон  дар натиҷаи боришот селобаҳо омада, ба  заминҳои наздиҳавлигӣ, 1 бинои ёрирасон ва 1 кӯпрук, ки  деҳаи Меҳнатободро бо шоҳроҳи Бохтар- Душанбе  мепайвандад, зарар расонд.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори ҳавошиносон: борони шадид, раъду барқ, жола ва сел дар назар аст

“Мутаассифона, дар натиҷаи омадани сел сокини 18-солаи деҳаи Мехнатободи ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ба ҳалокат расид”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин 1 июни соли 2019 дар натиҷаи боришоти шадид  дар ҳудуди  деҳаи Оби Шифо ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз ҷониби ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ селҳо поён фаромада, ба 70 қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ зарар расонида, ба таҳхонаҳои 8 хонаи истиқоматӣ обу лойқа ворид гашт.

Ин ниҳод афзуд, ки дар ҷойи ҳодисаҳои рухдода назорати 24-соатаи сатҳи об дар дарёҳо аз ҷониби кормандони Кумита гузаронида шуда истодааст.

КҲФ таъкид кард, ки феълан корҳои бартарафсозӣ идома дошта, марои муайян намудани хисорот дар ноҳия Рӯдакӣ, Хуросон, Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон комиссияи ҳолатҳои фавқулода кори худро идома дода истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0