ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳар ду бозӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд 21 ва 23 июн доир хоҳад шуд.
Кумитаи миллии олимпӣ зикр кард, ки бозиҳои пешорӯ дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020, ки 14-22 сентябри соли равон дар Урдун ба нақша гирифта шудааст, баргузор мегарданд.
“Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунанд, ки ҳарифонашон дастаҳои мунтахаби наврасони Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Қувайт ҳастанд”, - иттилоъ дод Кумита.
Ахиран наврасони футболбози Тоҷикистон дар ҷараёни тамрин дар бо ҳамcолонашон аз тими “Кайрат”-и Алмаато ду бозии санҷишӣ анҷом доданд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев, бозии аввалашонро 29 май бо ҳисоби 1:2 бохтанд ва 31 май дар бозии такрорӣ бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.