Олимон дар кайҳон тайи моҳи майи соли ҷорӣ низ кашфиёти зиёде карданд. Аз ҷумла каҳкашони NGC 4485 ва бурҷи "Canes Venatici" аксбардорӣ шудаанд, ки осори бархӯрд бо каҳкашони ҳамсоя дар миллионҳо сол қаблро ҳифз кардааст.
Ковишгари "НАСА" ҳамчунин макони афтидани моҳгарди исроилӣ - "Берешит"-ро сабт кард, ки моҳи апрели соли равон ҳангоми фуруд ба моҳ суқут намуда буд.
Бо кумаки дурбини "Hubble" каҳкашони морпечи "Messier 90" аксбардорӣ шуд. Ҳамчунин аксҳо аз астероиди "Рюгю" гирифта шуданд, ки аз ҷониби ковишгари "Хаябуса-2" сабт гардиданд.
Ҳамчунин киштии кайҳонии "Falcon 9" бо боркаши "Dragon" бо лавозимот барои Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ парвоз намуд.
Sputnik Тоҷикистон аксҳо аз кайҳонро ироа мекунад, ки корбаронро бо бархе асрори фалак шинос месозанд.













