ВУД гуфт тартиботро дар шаҳри Хоруғ ба пуррагӣ таъмин кард

© ВУДБДА дар Хоруғ
БДА дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд фаъолияти шабонарӯзии нозирони роҳ дар кӯчаи марказӣ ва дидбонгоҳҳо тавонистанд низому тартиботро дар шаҳри Хоруғ таъмин намоянд. 

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ дар ҳудуди вилоят, хусусан маркази маъмурии он шаҳри Хоруғ то имрӯз пешрафту ободониҳо хеле зиёд ба назар мерасад.

"Хушбахтона, фаъолияти шабонарӯзии нозирони роҳ ва дигар бахшҳои хизмат дар кӯчаи марказӣ ва дидбонгоҳҳо тавонистанд низому тартиботро дар шаҳри Хоруғ ба пуррагӣ таъмин намоянд",-омадааст дар хабарнома. 

Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкори ҷавон Шерозшо Қурбоншоев дар Хоруғ "Алладин" сохт

Ба гузориши манбаъ, бо бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҷониби Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят сокинони шаҳри Хоруғ низ аз худ масъулияти баланд нишон дода, дар бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, бахусус дар самти нақлиёт, ба фаъолияти ситод мусоидат намуданд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамкории зич ва ҳисси боварии мақомот бо аҳолӣ, буда, ки ҳаракати нақлиёт дар марказ ва хиёбонҳои шаҳр ба танзим дароварда шуда, ҳамагуна воситаҳои нақлиёт бе мамоният дар ҳудуди шаҳру вилоят рафту омад доранд.

Вале новобаста аз он то ҳанӯз ҳам баъзе аз ронандагоне ҳастанд, ки талаботҳои қоидаҳои ҳаракати роҳро нодида гирифта, ба қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд.

Бинобар ин, кормандони БДА нисбати чунин ашхос чораҳои қонунӣ андешида, барои минбаъд ба қоидавайронкунӣ роҳ надодан, бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Қонуншиканӣ кам мешавад? пас аз шикояти мардуми Хоруғ БДА чароғакҳоро нав кард

Пештар хабар дода шуд, ки бо ибтикори Ситоди байни идоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ чароғакҳои нав насб гардида аломатҳои роҳ рангу бор шуданд.

Лентаи хабарҳо
0