ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. “Ал-муборак”, мадҳияи рамазониест, ки садсолаҳо бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар ба дари мардум одатан шабона иҷро карда мешавад.
Мадҳияхонҳо “Ал-муборак”-ро бо рубобу доира иҷро намуда, одатан аз даромадгоҳҳо мардумро бо фарорасии моҳи шариф шодбош мегӯянд. Дар ин мадҳия бузургию ҳикматҳои Рамазон, шаби Қадр ва Муҳаммади Мустафо васф шуда, одатан дар шабҳои аввал ва шабҳои охири моҳи Рамазон иҷро мегардад.
Дар ҳоле, ки ин мадҳия солҳои охир нисбатан кам иҷро мешавад, бо талаби мардум овозхонҳои шинохтаи Бадахшон - Ғуломшо Сафаров, Шоик Қизилов ва Беҳрузшои Ғуломшо онро бозхонӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод намудаанд.
Бар асоси анъанаҳо, дар пайи иҷрои "Ал-муборак" соҳибхона ба ҳунармандон туҳфае тақдим мекунад, аммо дар бисёри ҳолатҳо овозхонҳо онро рад намуда, мадҳияхонияшонро ҳамчун амали хайр барои шодбошии мардум дар моҳи шариф арзёбӣ мекунанд.
Зеваршоҳи Муҳаммад, рӯзноманигор ва шореҳи умури фарҳанг дар Тоҷикистон шарҳ дод, ки ин суруд миёни мардум "Ал муборак" номида мешавад.
“Шабонгоҳон пушти дари хона суруда мешавад ва то поёни суруд касе аз хона берун намешавад ва танҳо баъди ба охир расидани ин суруд соҳиби хона садақаи идро ба овозхонҳо медиҳад”, - изҳор дошт Зеваршоҳи Муҳаммад.