ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Рӯзи 31 май дар чорчӯби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии кӯчаи Озодии маҳаллаи Чорчароғ оғоз ёфт.
Ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, Аҳмадзода дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ гуфт, ки таҷдиду азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо тибқи дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, бо харҷи маблағҳои буҷавӣ, саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ корҳои ободонӣ вусъат дода мешавад.
Ӯ таъкид карда , ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлол аксарияти кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд мумфарш хоҳад шуд.
"Дар ин раванд 2 км роҳи кӯчаи Озодии маҳаллаи Чорчароғ низ мумфарш карда мешавад",-афзуда раиси вилоят.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз иқдоми амалинамудаи сокини маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд Шуҳратҷон Холматов, ки 450 метри квадратӣ роҳро мумфарш намудааст, тавсиф намуда, таъкид кард, ки чунин амалҳои хайру савоб бояд дар шаҳр бештар роҳандозӣ карда шавад.
Дар маҳаллаи Чорчароғ раиси вилоят инчунин бо вазъи чойхонаи Кӯпруки баланд ва кӯдакистони №1 ошно гардида, ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва фаъолони маҳалла ҷиҳати таъмири чойхона ва муассисаи томактабӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.