ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Президенти Шӯрои Урупо дар чорчӯби сафараш ба Осиёи Марказӣ аз Узбакистон боздид кард. Ӯ пас аз тамошои шаҳрҳои Узбакистон дар саҳифааш дар Instagram аксҳо мунташир кардааст.
Туск дар саҳифааш акс бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва аксҳои боздид аз Самарқанду Бухороро нашр кардааст.

"Аҷиб аст, фикр кардан дар бораи робитаи фарҳангию иқтисодии садсолаҳо миёни Урупо ва Осиёи Марказӣ",-шарҳ додааст Туск яке аз аксҳояшро.
Ӯ Самарқандро яке аз шаҳрҳои бузургтарини Осиёи Марказӣ номид.
"Самарқанд пойтахти империя ва маркази бузурги савдо буд.-Тасаввур карда метавонед, он аз Рим ва Лондон дар якҷоягӣ, ҳам, бузургтар буд",-гуфтааст сиёсатмадори урупоӣ.
Пештар Доналд Туск, президенти Шӯрои Урупо мегӯяд, зимни боздидаш аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шоҳиди таъсири тағйирёбии иқлим шуд.
Ӯ зери аксҳояш рамзи ғамгинию зиқиро зам карда, бо таассуф афзуд, ки гардишҳои табиӣ тағйир ёфта истодаанд ва аллакай 5 пирях дар ин ҷо нопадид шуда, сатҳи об боло рафта истодааст.