Омодагии наврасони тоҷик ба чепионати Осиё-2020: “Кайрат”-ро 3:0 шикаст доданд

© © Sputnik / Рубен ГарсияЧемпионат по футболу НУР
Чемпионат по футболу НУР - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз омодагии мунтахаби наврасони футболбози кишвар ба Чемпионати Осиё - 2020 хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ фаро гирифта шуд.

Футболисты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони танаффуси сеҳафтаина дар чемпионати Тоҷикистон

“Дар ҷараёни тамрин дастаи наврасони кишвар бо ҳамcолонашон аз тими “Кайрат”-и Алмаато ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев, агар бозии аввалашонро 29 май бо ҳисоби 1:2 бохтанд, пас 31 май дар бозии такрорӣ бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд”, - иттилоъ дод Кумита.

Ин ниҳод зикр кард, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо мунтахаби наврасони Урдун, Непал, Шри Ланка ва Қувайт бозӣ мекунад.

Дар назар аст, ки бозиҳои гурӯҳи “А” аз 14 то 22 сентябри соли равон дар Урдун баргузор шаванд.

Лентаи хабарҳо
0