Нав бошанду як намуд: қарори шаҳрдорӣ дар бораи мусофирбарҳо - акс

© Фото : Сайт города ДушанбеРустам Эмомали на открытии новой автобусной остановки, архивное фото
Рустам Эмомали на открытии новой автобусной остановки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои дорои мусофирбарҳои сабукрави таксӣ гузориш доданд, ки бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мошинҳояшонро ба намои зоҳирии ягонаи тасдиқшуда мутобиқ гардонданд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Содиқҷон Зарифӣ, роҳбари дафтари матбуоти ширкати “Рахш-таксӣ” дар Душанбе гуфт, ширкаташон аллакай то 1 июн 100 дарсади таксиҳояшро ба намуди ягонаи тасдиқгардида мутобиқ гардонд. Инчунин ба иттилои ширкатҳо, рақамҳои зард танҳо ба мусофирбарҳои сабукрави тавлидашон аз соли 2015 боло дода мешаванд.  

Намуди ягона, ки барои ҳамаи таксиҳо ҳатмӣ шудааст, зимни як озмун аз ҷониби Бадриддин Қурбонов, муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ таҳия гардид.

Ба иттилои корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”, феълан 10 ширкат, ё худ ҷамъияти  мусофирбарӣ дар ихтиёрашон ҳудуди 1920 сабукрави таксӣ доранд, ки намуди зоҳирии аксарияташон ба намуди ягона мувофиқ шудааст.

Шаҳрдорӣ роҳбарони ширкатҳои кироякаши таксиро муваззаф намудааст, ки то 15 июни соли 2019 намои зоҳирии тамоми воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксиро, ки дар тавозунашон қарор доранд, бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд. 

Лентаи хабарҳо
0