ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, иди касбии кормандони савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро, ки ҳар сол якшанбеи аввали моҳи июн таҷлил мегардад, шодбош гуфта, дар фаъолияти соҳибҷашнҳо пешравию комёбиҳо ва дар зиндагии шахсиашон бахту саодат орзу намуд.
Ҳикматуллозода дар паёми шодбошияш гуфт, соҳаи савдо дар ҳаёти на танҳо кишвари мо, балки саросари олам яке аз нақшҳои муҳимро иҷро мекунад.
“Низоми рушдкардаи соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар ҷумҳурии мо аз баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум гувоҳӣ медиҳад. Сол ба сол соҳаи савдо ба таври чашмрас рушду нумуъ намуда, шаклҳои нави кор бо муштариён ҷорӣ карда мешавад”, - изҳор дошт вазири рушди иқтисод ва савдо.
Ҳикматуллозода изҳори боварӣ намудааст, ки “дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ, аҳолии кишвар ҳамеша ҳамдигарфаҳмию ғамхорӣ, тахассуси баланд ва сифати бенуқсони хизматрасониро эҳсос менамоянд”.
Ин паёми вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҳоле ироа мешавад, ки бисёре аз шаҳрвандон дар Тоҷикистон махсусан дар моҳи Рамазон гила доранд, ки савдогарон беасос нархи маҳсулоти ниёзи аввалро боло бурдаанд. Бархе савдогаронро дар беинсофӣ муттаҳам мекунанду гуруҳи дигар аз қонуни анъанавии бозор зикр мекунанд, ки зиёд шудани талабот болоравии нархро дар пай дорад.