Апа ва хоҳарро дашном дод: тафсилоти қасди куштори ҳамкор дар НФС “Фароз”

© акс аз сомонаи додгоҳи шаҳри ДушанбеМуҳаммад Амиров, маҳкумшуда барои қасди куштори ҳамкораш дар НФС “Фароз”
Муҳаммад Амиров, маҳкумшуда барои қасди куштори ҳамкораш дар НФС “Фароз” - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳафтаи равон Муҳаммад Амирови 20-сола, собиқ корманди ширкати “Фароз”-ро барои қасди қатли ҳамкораш ҳангоми хоб дар ҷои кор ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи Душанбе, зимни мурофиа муайян гардидааст, ки 17 августи соли 2018  тахминан соати 03:00, Саидов.С, хазинадори нуқтаи фурӯши сузишвории “Фароз” дар кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсӣ, оператори ин нуқта, Муҳаммад Амировро аз апа ва хоҳараш дашномҳои қабеҳ додааст.

Золото - Sputnik Тоҷикистон
"Фароз" барои омӯзиши кони тилло ва кони сурма иҷозатнома гирифтааст

“Амиров аз ин ғазаболуд шуда, дар ботинаш қасди одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани Саидов пайдо гардида, интизор шудааст, ки охирин дар нуқтаи кориаш, дар хазина хоб равад”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Манбаъ афзуд, ки худи ҳамон шаб, тахминан соати 03:32 дақиқа, Амиров аз ҳолати оҷизӣ, яъне дар хоб қарор доштани Саидов истифода бурда, бо корд аввал 1 зарба дар пушти қафаси синаи ӯ аз тарафи чап задааст.

Ба иттилои додгоҳ, дар натиҷа Саидов аз хоб бедор шуда, ба Амиров муқобилият нишон додааст. Дар рафти муқобилият Амиров бо корд ба қисматҳои гуногуни бадани Саидов дар маҷмуъ 9 зарбаи гуногун задааст, вале ба далели муқобилияти ҷабрдида ҳамлагар навтавонистааст, қасди ҷинояткоронаи худро ба охир расонад ва аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, афзуд манбаъ.

Автозаправка ночью UMED88, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз 160 ҳазор то 15,6 миллион сомонӣ: талоши дигари фурӯши амволи “Умед 88”

Додгоҳи Душанбе дар пайи баррасии қазия Амиров Муҳаммад Шониёзович, сокини ноҳияи Қубодиён ва собиқ оператори НФС “Фароз”-ро дар қасди куштор гунаҳкор дониста, ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Феълан назари худи Амиров дар бораи ин қазия маълум нест, аммо додгоҳи Душанбе таъкид кардааст, ки ӯ ҳақ дорад давоми даҳ шабонарӯз аз рӯзи баромадани ҳукм ба марҳилаи болоӣ шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ барад.

Лентаи хабарҳо
0