ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ҳалокати чанд шаҳрванди Корея дар дарёи Дунай ба раисҷумҳури кишвар Мун Чжэ Ин барқияи таслият ирсол карда, қайд намудааст, ки "ин хабар моро андӯҳгин намуд".
"Хабари фоҷеаи ғамангези ҷон бохтан ва осеб дидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Корея бар асари садамаи заврақ дар дарёи Дунай дар пойтахти Венгрия моро андуҳгин кард", - гуфта мешавад дар барқияи раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон аз Мун Чжэ Ин хоҳиш кардааст, ки изҳори тасалияти ҷониби Тоҷикистонро ба наздикони фавтидагон расонад.
"Хоҳишмандем ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем", - омадааст дар анҷоми изҳороти раисҷумҳур.
Ёдовар мешавем, 30 май дар пойтахти Маҷористон, шаҳри Будапешт дар пайи тасодуми заврақи тафреҳӣ 7 шаҳрванди Корея ҳалок ва 19 нафари дигар ғарқшуданд. Бино бар иттилои мақомоти Корея дар заврақ 33 шаҳрванди кишвар буданд. Сабаби тасодум дар дарёи Дунай бархӯрд бо заврақи дигар гуфта мешавад.