Дар Тошканд нашуд: Фарзона бори аввал намоҳангашро дар Тоҷикистон сохт - Видео

© Sputnik / Амир ИсаевНеделя моды в Душанбе. архивное фото
Неделя моды в Душанбе. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарзона Хуршед, овозхони номии тоҷик бори аввал номаҳангеро дар Тоҷикистон сабт кардааст. Ӯ пештар клиперо дар Тошканд ба навор гирифта будааст, ки ба гуфтаи продюсераш, "ҷаззоб набаромадааст"

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Фарзона Хуршед, овозхони попи тоҷик бори аввал намоҳангашро дар Тоҷикистон сабт намудааст, хабар медиҳад "Падида".

Намоҳанги "Шона бар мӯям" дар деҳаи Зидеҳи Варзоб рӯи навор омадааст ва нақшҳои асосиро дар он Сабринаи Назрӣ ва Муҳаммадиев Фирдавс бозидаанд.

"Аслан ҳар овозхоне, ки ман продюсерӣ мекунам, клипҳояшон дар хориҷи кишвар сабт мешавад. Лекин ин навбат мо ба он хотир Тоҷикистонро интихоб намудем, ки суруд халқӣ буд ва бояд манзараҳои диёрро дарбар мегирифт. Қаблан як таронаи халқии Фарзонаро дар шаҳри Тошканд ба навор гирифта будем, аммо ба дараҷаи зарурӣ ҷаззоб набаромада буд",-гуфтааст продюсери овозхон Диловари Мизроб.

Ороиши рӯю мӯйи овозхонро пардозгар Мавзунаи Ҷовид ба ӯҳда гирифта, пироҳанҳои зебои миллиро дизайнер Умед Негматов омода намудааст.

Аз ин тарона дар Ютуб дар 20 соат ҳудуди 100 ҳазор корбар тамошо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0