ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Теҳрон ба сар мебарад, субҳи имрӯз бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday дар истинод ба радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳури Эрон дар дидори Сироҷиддини Муҳриддин бо ишора ба ин ки Эрон ҳамвора хостори субот, амнияти комил ва пешрафти Тоҷикистон, тақвияти равобит ва ҳамкориҳои фимобайн аст.
“Омодагӣ дорем то бо ироаи хадамоти фаннӣ – муҳандисӣ ва интиқоли таҷрибиёт дар иҷрои проектҳои Тоҷикистон мушорикати бештар дошта бошем ва ин боиси ифтихори ширкатҳо ва бахши хусусии эронӣ аст, ки беҳтарин фаъолиятҳо ва хадамотро дар кишварҳои дӯст ироа диҳанд”, - таъкид намудааст Рӯҳонӣ.
Раисҷумҳури Эрон тавсеаи бандари Чобҳорро дар транзити коло дар минтақа бисёр дорои аҳамият донист ва гуфт, Эрон метавонад амнтарин ва беҳтарин масири транзитӣ барои колоҳои Тоҷикистон бошад.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки имрӯз минтақа дар шароите хос қарор дошта ва бо терроризм ва мудохилоти хориҷӣ мувоҷеҳ аст, изҳор дошт, имрӯз, ки террористҳо аз Ироқу Сурия хориҷ шудаанд, ҷойи нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бихоҳанд дар минтақаи Осиёи Миёна ва Қафқоз фаъол шаванд. Аз ин рӯ Эрон ва Тоҷикистон метавонанд ҳамкориҳои худро дар масири мубориза бо терроризм низ беш аз пеш густариш диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин дидор бо баёни ин ки Эрон ва Тоҷикистон ҳамвора ду кишвари дӯсту бародар буда ва дар оянда низ дар масири тавсеа ва таъмиқи дӯстиҳо ва бародариҳо ҳаракат хоҳанд кард, гуфт: Тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои Теҳрон – Душанбе бисёр ҳоизи аҳамият аст.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ишора ба зарурати густариши муносибот ва ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии ду кишвар, хостори баҳрамандии Тоҷикистон аз мазиятҳои бандари Чобаҳор ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши транзит ва истифода аз таҷрибиёти ширкатҳо ва мутахассисони эронӣ дар заминаи ироаи хадамоти фаннӣ – муҳандисӣ, ба вижа дар арсаҳои нерӯ, энержӣ ва умури зерсохтӣ дар ин кишвар шуд.
Муҳриддин бо баёни ин ки сиёсати мубориза бо терроризм ва ифротгароии Эрон дар минтақа таъсироти мусбати фаровоне ба дунбол доштааст афзуд: “Муътақидем, вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ барои миллатҳои минтақа бисёр хатарнок аст ва аз ин рӯ, ҳама бояд дар масири мубориза бо терроризм бо якдигар талош ва ҳамкорӣ кунем”.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон тавсеаи рӯзафзуни равобит бо Эронро иродаи давлати Тоҷикистон хонд ва бо ишора ба даъвати расмии раисҷумҳури Тоҷикистон аз Рӯҳонӣ, ибрози умедворӣ кард, ки раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлоси сарони СИКО (Нишасти таомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дао Осиё), ки ба зудӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳузур дошта бошад.