Зеленский хостори ҳифзи тарҳримҳо алайҳи Русия шуд

Обуна шудан
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҳангоми мулоқот бо вазирони корҳои хориҷаи Шветсия ва Лаҳистон умед баст, ки таҳримҳо бар зидди Русия идома хоҳанд ёфт

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина умедвор аст, ки Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳоро алайҳи Русия ҳифз хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти роҳбари Украина.

Президент Украины Владимир Зеленский  - Sputnik Тоҷикистон
Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт

Владимир Зеленский, мавзӯи таҳримҳои алайҳи Русияро ҳангоми мулоқот бо вазири корҳои хориҷаи Шветсия маргот Валстрём ва вазири коҳори хориҷаи Лаҳистон Ятсек Чапутович ба миён гузошт.

“Сипос барои дастгирии сиёсати таҳримот бар зидди Русия ва умедворам, ки он идома меёбад”,- гуфт Зеленский.

Раисҷумҳури Украина инчунин қайд намуд, ки кишвараш тасмим дорад бо коррупсия, камбизоатӣ ва таноззули иқтисодиёт мубориза барад.

Ёдрас мешавем, ки муносибати Русияву кишварҳои Аврупо баъд аз табодулоти давлатӣ дар Украина, ки соли 2014 сар зада буд, бад шуд.

Кишварҳои ғарб Русияро ба дахолати вазъи сиёсӣ дар Украина айбдор мекунанд, аммо Русия ин идаоро қатъиян рад мекунад.        

Лентаи хабарҳо
0