Ким Чен Ин намояндааш дар ИМА-ро ба қатл расонд

© пресс-служба администрации Приморского края / Гузариш ба медиабонкЛидер КНДР Ким Чен Ын прибыл в Россию
Лидер КНДР Ким Чен Ын прибыл в Россию - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба иттилои ВАО, намояндаи Куриё дар ИМА-ро ба далели ҷосусӣ ба фоидаи ИМА ба қатл расонидаанд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Моҳи марти соли равон намояндаи Куриё дар ИМА Ким Хек Чхол ва чаҳор дипломати дигарро, ки дар нишасти Ханое ширкат карданд, ба қатл расониданд.

Дар ин бора нашриёти маҳаллии Chosun Ilbo хабар медиҳад.

Инро бояд дид: муҳофизони Ким Чен Ин аз паси мошинаш медаванд

Чуноне манбаъ ба нашриёти номбурда хабар додааст, Ким Чен Ин фармон додааст, раҳбарони воломақоме, ки натавонистанд зимни дидори раҳбарони ИМА ва Куреи Шимолӣ бо президенти ИМА Доналд Трамп созиш кунанд, кушта шаванд.

Cозише имзо нашуд: Трамп гуфт, саросема нест ва аз роҳбарии Ким таъриф кард - видео

Президент РФ В. Путин встретился с лидером КНДР Ким Чен Ыном - Sputnik Тоҷикистон
Ким Чен Ин "дил"-и худро ба Путин ҳадя кард-акс ва навор

Манбаъ мегӯяд, ки онҳоро барои ҷосӯсӣ ба фоидаи Куриё гунаҳҳкор кардаанд. Ҳамчунин қайд мешавад, ки муовини аввали президент Ким Ен Чхолро барои ҷазо ба корҳои иҷборӣ ба Чагандо фиристодаанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон дар шаҳри Ханое нишасти дуввумини ИМА ва Куреи Шимолӣ баргузор шуд.

Ин нишаст пеш аз муҳлат ба итмом расида дар натиҷаи он созише ҳам имзо нашуд ва раҳбарони ИМА ва Куреи Шимолӣ ҳатто изҳороти матбуотӣ ҳам накарданд.

Ким Чен Ин рӯзноманигорро ки мехост ҳамсарашро сурат гирад, тела дод. Навор

Сабаби танишҳо миёни Амрико ва Куреи Шимолӣ таҳримҳои зидди Куреи Шимолӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0