Иди кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд бо тантана таҷлил мешавад

Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барои хонандагони шаҳру ноҳияҳо, ятимони кулл ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ барномаҳои идона омода кардааст

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.  Тантанаҳои Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1-уми июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Шахноза Мирзиёева приняла участие в открытии первого в Узбекистане специализированного дошкольного учреждения с реабилитационным центром - Sputnik Тоҷикистон
Духтари раисҷумҳур-Шаҳноза маркази кӯдакон ифтитоҳ кард

Бино бар иттилои манбаъ, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки кӯдакону наврасон барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода мешавад. 

Дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ” гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, бозиҳои варзишӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби вилоят – ғолибон ва иштирокдорони озмунҳои “Техникони наврас”, “Бозёфт”, “Дастони моҳир”, “Шаҳри ояндаи ман”, “Ихтироъкори беҳтарин”, аъзои маҳфилҳои адрасбофӣ, гилембофӣ ва гулдӯзӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ким дар барномаҳои идона хонандагони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳо, ятимони кулл ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ низ иштирок менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0