ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Донишҷӯи донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба кордкашӣ муттаҳам мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, донишӯи мазкур 24 сол дошта, курси аввал мехонад.
Як сокини 19-солаи Душанбе ба ШКВД-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст, ки моҳҳои апрел шахси номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ ба қафаси синаи ӯ корд задааст. Ҳодиса дар кӯчаи Зайнанбибӣ рух додааст.
Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ шудааст.
Милисаҳои Душанбе ҳангоми тафтишот донишҷӯи мазкурро дастгир карда, тафтишот идома дорад.