Давлаталӣ Саид бо Бердимуҳаммедов масоили нақлиётӣ – транзитиро баррасӣ кард

© дафтари матбуоти ВУХ ТоҷикистонМулоқоти Давлаталӣ Саид, ноиби нахуствазири Тоҷикистон бо Қурбонгулӣ Бурдимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон
Мулоқоти Давлаталӣ Саид, ноиби нахуствазири Тоҷикистон бо Қурбонгулӣ Бурдимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Ишқобод Тоҷикистонро муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саид намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар остонаи ин ҷаласа Давлаталӣ Саид бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва раисиҷумҳури Туркманистон аз ҷумла ҳамкориҳои нақлиётӣ – транзитиро ба баррасӣ гирифтаанд.

“Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, нақлиётӣ-транзитӣ, энергетика ва саноат, илму маориф ва гуманитарии мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ карданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ Тоҷикистон.

© дафтари матбуоти ВУХ ТоҷикистонМулоқоти Давлаталӣ Саид, ноиби нахуствазири Тоҷикистон бо Қурбонгулӣ Бурдимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон
Давлаталӣ Саид бо Бердимуҳаммедов масоили нақлиётӣ – транзитиро баррасӣ кард - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Давлаталӣ Саид, ноиби нахуствазири Тоҷикистон бо Қурбонгулӣ Бурдимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки “зимни вохурӣ тарафҳо ҳавасмандии хешро роҷеъ ба рушду густариши муносибатҳои шарикии Туркманистону Тоҷикистон дар робита ба маҷмуъи масоили ҳамкории ду кишвар изҳор намуданд”.

Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба мулоқот дар Душанбе намеояд

Аммо дар бораи тавофуқоти мушаххаси ҳосилшуда дар ин мулоқот феълан иттилое ироа нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, Туркманистон барои интиқолдиҳандагони бори самти Тоҷикистон мушкил эҷод кардааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандаҳои дармонда дар марзи Туркманистон маслиҳат дода буд, ки аз роҳҳои самти Қазоқистону Озарбойҷон истифода баранд.

Ҳайати ҳукуматие аз Тоҷикистон моҳи марти соли равон ба Озарбойҷон сафар анҷом дода, имкониятҳои интиқоли бори бештар ва гирифтани сабукиҳо тариқи ин кишварро баррасӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0