ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Рӯзи 29 май дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олимзода Сӯҳроб бо донишҷӯёни фаъоли тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Бишкек таҳсил мекунанд, дидор кард.
Ба узориши ВУХ Тоҷикистон, сафири Тоҷикистон дар суханрониша, дар бораи рушди Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ маълумот додааст.
"Ҳамзамон аз дастгириву ғамхорҳои доимии Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати омӯзиш ва рушди минбаъдаи сиёсати ҷавонон таъкид карда шуд",-омадааст дар хабарнома.
Дар рафти вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷухи ҷавонони тоҷик муҳокима шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Бишкек бо ташаббуси ҷавонони фаъол Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ворисони Рӯдакӣ» таъсис дода шудааст.
Ҳадафи асосии он муттаҳид намудани донишҷӯён ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мебошад.