Рӯзаи тоқатфарсо: ҳавои Тоҷикистон имрӯз то 36 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевЖара в Таджикистане, архивное фото
Жара в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 30-36 дараҷа мерасад.

ДУШАНБЕ, 30 май - Sputnik. Ба иттилои ҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда,  дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва  рӯзона 23-28 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 1-6 дараҷа  сард ва   рӯзона 10-15  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13-18  ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 6-11  ва  рӯзона  20-25 дараҷа гарм мешавад.

Похолодание в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳафт рӯзи боронӣ ё тоҷикистониён иди Рамазонро бо борон пешвоз хоҳанд гирифт

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16  ва   рӯзона 26-31  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17 ва рўзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12  ва  рўзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво  камабри бебориш шуда,  шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 12-14 ва рӯзона 32-34  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0