ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалииҳифзи кӯдакон барои навросоне, ки аз кишвари Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуда буданд, дар «Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор намуд.
Ба гузориши Вазорати тандурустӣ, барои бачаҳо дастархони идона, иборат аз анвои гуногуни хӯрока, аз ҷумла, меваҳои тару тоза, шириниву кулчақандҳо ороста шуда, инчунин ба онҳо таъомҳои лазиз пешниҳод гардид.
Дар ҷамъомад вазири тандурустӣ Насим Олимзода ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар қисмати бадеии барномаи мазкур барои болидарӯҳии кӯдакон аз ҷониби гурӯҳҳои рақсии «Падида» ва «Лаъл» консерти хайриявӣ доир гардид.
«Бо кӯмак ва дастгирии ашхоси саховатманд барои кӯдакони номбурда харидорӣ ва дастрас намудани ҳаргуна бозичаҳо, либосҳо ва маводи хӯрока идома дошта, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ фаро гирифтани онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»,- афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки шаби 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуда, аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба «Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб оварда шуданд.
Ин кӯдакон баъд аз гузаштани ташхис ва муоинаи тиббӣ бо либоси зарурӣ ва маводи гигиенӣ таъмин гардида, вобаста ба вазъи саломатӣ, мансубияти хешутаборӣ ва ҷинсиашон дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷойгир гардида, ба хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ фаро гирифта шудаанд.
Барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, онҳо бо рахти хоб, бозичаҳо ва дигар маводҳои маишӣ таъмин шудаанд. Аз ҷумла, барои тамошои бозиҳои кӯдакона 56 адад планшет харидорӣ ва ба онҳо тақсим карда шудааст.