ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар доираи сафари расмии Доналд Туск ба Тоҷикистон 30 май боздидаш аз ноҳияи Дарвоз ва кӯли Сарез дар назар аст.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Боздиди раиси Шӯрои Урупо Доналд Туск дар Тоҷикистон рӯзи 30 май идома ёфта, қарор аст мавсуф бо роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дода, аз чанд мавзеъи кишвари мо боздид ба амал орад.
Гуфта мешавад, ки сараввал, мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Шӯрои Урупо Доналд Туск доир мегардад. Сипас мулоқоти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Итиҳоди Урупо доир мешавад.
Дар анҷоми мулоқот изҳороти матбуотии муштарак ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар аст.
Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки раиси Шӯрои Аврупо бо арзи эҳтиром ба арзишҳои волои миллати тоҷик дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.