Даминов ва Рустамов дар сабқат барои Ҷоми Ҷаҳон дар Олмон иштирок мекунанд

Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, аъзои дастаи мунтахаби қаиқронии кишвар Шаҳриёр Даминов ва Умар Рустамов дар Ҷоми ҷаҳон дар риштаи қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, дуюмин Ҷоми ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ – “ICF” аз 31 май то 2 июн дар шаҳри Дуисбурги Олмон баргузор мешавад.

Футболисты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони танаффуси сеҳафтаина дар чемпионати Тоҷикистон

Кумитаи миллии олимпӣ бо такя ба сомонаи расмии мусобиқа иттилоъ додааст, ки дар Ҷоми ҷаҳон иштироки варзишгарон аз 64 давлати дунё дар назар аст.

Ба иттилои котиби генералии Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Нодир Сафаров, Шаҳриёр Даминов ва Умар Рустамов дар масофаҳои 200 ва 1000 метр дар байдарка қувва месанҷанд. Аммо пас аз ҷаласаи ҳайатҳо шояд варзишгарон масофаҳои дигарро низ интихоб кунанд.

Нодир Сафаров афзудааст, ки варзишгарон барои иштирок дар ин мусобиқа ва Чемпионати ҷаҳон дар моҳи август аз 17 то 27 май дар шаҳри Будапешти Маҷористон ба ҷамъомади байналмилалии машқӣ - омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0