Вазорати меҳнат ҷароҳати ҳафт муҳоҷири тоҷикро дар вилояти Ленинград такзиб кард

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкУ Керченской больницы № 1 имени Н. И. Пирогова
У Керченской больницы № 1 имени Н. И. Пирогова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин ҳодиса танҳо як муҳоҷири тоҷик захм бардоштааст, ки ҳувияташ низ шиносоӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабари ҷароҳат бардоштани 7 муҳоҷири тоҷикро дар пайи ҳодисаи нохуш дар вилояти Ленинград рад карда гуфт, дар пайи ҳодиса танҳо як шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шудааст.

Ниҳод ҳамчунин ҳувияти муҳоҷири тоҷикро шиносӣ кардааст. Бино бар иттилои вазорат, ҷавони ҷароҳатбардошта, Музробиддин Саидзода, марди 27-солаи сокини ноҳияи Восеъ будааст.

Ӯ пештар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуда, пизишкон феълан вазъи ӯро хуб арзёбӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, пештар расонаҳои Русия хабар доданд, ки дар ноҳияи Приозерски вилояти Ленинград дар майдони сохтмоние зинапояҳои чубӣ фурӯ рехтанд, ки дар пайи он 7 тан маҷрӯҳ шуданд.

Дертар хабар дода шуд, ки ҷароҳатбардоштагон ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Лентаи хабарҳо
0