ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 12-14 ва рӯзона 32-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар щамин щол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.