Мошин ба қафо ҳаракат кард ва соҳибашро кушт: ҳалокати фоҷиабори ронанда дар Анзоб

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкДорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото
Дорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Автомашинаи тамғаи “Хово”, ки ба сокини ноҳияи Рашт тааллуқ дошт, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ногаҳон ба қафо ҳаракат карда ва сабаби ба ҳалокат расидани соҳибаш шудааст

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ин ҳодисаи нохуш шаби 27 -уми май дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Суғд  рух додааст.

Як марди 45-солаи сокини ноҳияи Рашт, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хово”, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Айнӣ дар назди дидбонгоҳи шахтаи Фони Яғноб, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Такфони ҷамоати деҳоти Анзоб, автомашинаи худро нигоҳ дошта, аз он фаромадааст.

Сильный духом мужчина — как Айтбек, сидя на коляске, собрал мощный трактор - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷеа: Муҳаммадҷони 7-сола бо трактор хоҳари дусолаашро зер кард

Аммо дар ин ҳангом, ногаҳон “Хово” ба қафо ҳаракат кардааст.  Ронанда дарҳол вориди худрав шуда, хостааст аз ин ҳодисаи нохуш пешгирӣ кунад. Аммо мутаассифона мошин ба чуқурии 60 метр сарозер мешавад ва ронанда ба ҳалокат мерасад.

Ин бори нахуст нест, ки ба таври ногаҳонӣ ба ҳаракат даромадани мошин бо фоҷеае ба анҷом мерасад.

Ронандаҳои  тоҷик, мегуянд, дар роҳҳои Тоҷикистон, ки аслан ҳамвор нестанд, нигоҳ доштани худрав дар баландиҳо хатарзо аст.

 Зеро ба гуфтаи онҳо, хавфи ҳарлаҳза ба ҳаракат даромадани мошин вуҷуд дорад.  

Ронандаҳои солори тоҷик мегуянд, дар ҳолати зарурат, агар ронанда дар баландӣ мошинашро нигоҳ дошт, бояд зери чархҳояш санг гузорад.

Дар акси ҳол, рухдоди чунин ҳодисаҳои ногаҳонӣ, сабаби хисорот ва эҳтимоли нохушиҳои  зиёд шуда метавонад.

Лентаи хабарҳо
0