Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави равғанкашии “Зирвеко” бунёд мегардад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРастительное масло. Архивное фото
Растительное масло. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сохтмони корхонаи равғанкашии ширкати “Зирвеко” идома дорад

ДУШАНБЕ, 29 мая - Sputnik. Корхонаи  равғанбарорӣ бо истифода аз технологияи муосир истеҳсоли Чин ва Итолиё бунёд гардида, дар он аз маҳсулоти равғани хом маҳсулоти баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ омода менамоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии корхона  дар як шабонарӯз 30 тонна буда, он асосан равғани хоми пахта, рапс, зағир ва дигар зироатҳои равғандеҳи истеҳсоли хориҷиро бо сифати баланд коркард намуда, ба харидорон пешниҳод менамояд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, технологияҳое, ки дар мазкур истифода мешавад дар минтақаи Осиёи Марказӣ беназир будааст.

Начала строительства современной набережной на реке Сирдарё в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Дар соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд маҷмааи истироҳатию фароғатӣ бунёд мегарад

Имрӯзҳо дар коргоҳ дар раванди насби таҷҳозотҳои истеҳсолӣ, ҳамзамон корҳои ободонӣ идома доранд.

Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, корхонаҳои хурду калони саноатии шаҳр  дар семоҳаи аввали соли равон  54 намуд молҳои воридотивазкунанда истеҳсол намудаанд.

Инчунин, дар натиҷаи дастгирӣ ва андешидани чораҳои амалӣ дар ин давра 9 адад корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи соли гузашта низ ба фаъолият шурӯъ намуда, аз тарафи онҳо ба маблағи 186,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Ин омил  баҳри ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар умум, давоми семоҳаи аввали соли равон барои рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, номгӯи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ афзуда, аз  ҷониби 10 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷа содирот карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақша беш аз 500 иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дошта бунёд, таъмиру навсозӣ мегарданд. То имрӯз наздик ба  200 иншоот бунёду навсозӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0