Ҳушдор ба рӯзадорон: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 36 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки на улице в Душанбе, архивное фото
Девушки на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат то 30-36 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Имрӯз, 28 май дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва  рӯзона  ба 20-25 дараҷа  мерасад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 1 дараҷа  хунук то 6 дараҷа гарм ва  рӯзона 9-14  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8  ва  рӯзона  18-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш  мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14  ва   рӯзона  ба 24-29  дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14 ва рўзона  ба 28-33 дараҷа мерасад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва  рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе ҳаво  камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 9-11 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0