Сутунмӯҳраҳои шикаставу ҳолати вазнин: пизишкон вазъи муҳоҷирони тоҷикро тавзеҳ доданд

© Sputnik / Екатерина ЧесноковаВрачи в операционной, архивное фото
Врачи в операционной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи онҳо, сутунмӯҳраи яке аз муҳоҷирони тоҷик шикаставу аз дигаре ҳам сутунмӯҳра ва ҳам, устухонҳои косаш осеб дидааст

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Се  нафар аз 7 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳангоми фурӯ рехтари зинаҳои чӯбӣ дар сохтмоне дар вилояти Ленинград маҷрӯҳ шуданд, дар ҳолати вазнин қарор доштаанд. Дар ин бора расонаҳои Русия дар истинод ба сардухтури беморхонаи вилоятии Ленинград Татяна Тюрина хабар медиҳанд.

Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷароҳати ҳафт тан дар паи ҳодисаи фоҷиабор дар сохтмони Ленинград

Бино бар иттилои манобеъ, феълан 7 муҳоҷири тоҷик дар беморхонаҳои ноҳиявӣ қарор доранд. Барои интиқоли онҳо ба бемористон аз чархбол истифода кардаанд.

"Сутунмӯҳраи яке аз ҷабрдидаҳо шикаста, ба мағзи сараш осеб расидааст. Сутунмӯҳра ва устухони коси як муҳоҷири дигар низ шикаста, вазъаш мармуз арзёбӣ мегардад. Як сохтмончии дигарро чанде пеш ба бемористон интиқол доданд, ки вазъи ӯ низ ваҳим аст. Ҷавонро дарҳол вориди ҳуҷраи ҷарроҳӣ намуданд", - гуфтааст Тюрина.

Ёдрас мешавем, ҳодиса 27 май дар ноҳияи Приозерски вилояти Ленинград, дар истироҳатгоҳи "Игора" рух дода буд. Ҳангоми сохтмон зинаҳои чӯбӣ фурӯ реханд, ки дар натиҷа 7 муҳоҷири тоҷик ҷароҳат бардоштанд.

Тафтишоти қазия идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0