Якранг шавед: шаҳрдорӣ баъди қарори Рустам Эмомалӣ ба таксиронҳо 18 рӯз вақт дод

© Sputnik / Amir IsaevМэр Душанбе Рустам Эмомали
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намои таксиҳои Душанбе бояд то 15 июн ҳама якранг шаванд

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе дар муроҷиат ба тамоми таксиронҳои пойтахт эълон кардааст, ки то 15 июн  худравҳояшонро ба намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

"Ин иқдом  бо мақсади иҷрои қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир   ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ  роҳандозӣ мегардад", - менависад манбаъ.

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустам Эмомалӣ: баргузории фестивали ҷумҳуриявӣ бо харҷи 68 000 сомонӣ дар Душанбе

Ёдовар мешавем, ки шащрдории Душанбе аз 10 ноябри соли 2018 то 10 декабри соли 2018  байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ  оид  ба  таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии  воситаҳои  нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ озмуни кушод  эълон намуда буд. 

Мақомоти  мазкур  4 январи соли равон бо нашри як хабар  ғолиби озмуни лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксии пойтахтро эълон намуда буд.

Тибқи иттилои манбаъ, озмун 28 декабри соли 2018 бо Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҷамъбаст гардида, лоиҳаи пешниҳоднамудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Бадриддин Қурбонов қабул ва номбурда ғолиб эълон карда шуд.

Аз рӯйи расми ангоравии лоиҳаи қабулгардида, қисми болоии мошин зард аст, ду паҳлӯяш нуктаҳои сиёҳ ва навиштаҷоти Душанбе дошта, дар он ҷойи навиштани рақами тамоси хадамоти таксии ин ё он ширкат ва реклама мавҷуд аст. Ин нишонаҳо дар бештари мамлакатҳои мутараққӣ ҳамчун намои ягона қабул гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0