ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Як ҳодисаи даҳшатбори дигарро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатлон ба қайд гирифтанд.
Дар ноҳяи Ҷалолиддин Балхии вилоят як марди 75-сола зани ҷавонашро ба қатл расонидааст.
Ҳамсари марди солхӯрда ҳамагӣ 37 сол доштааст.
Бино бар иттилои ВУД, ҳодиса 24 май рух додааст. Мард дар пайи ҷанҷол бо ҳамсараш ӯро чандин маротиба бо оҳан задааст. Зан дар натиҷа, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Кормандони ВУД мардро дастгир намуда, бо моддаи 110-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ин моддаи КҶ аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки пештар дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд занеро бародари шавҳараш бо 20 зарбаи корд кушта буд.
Ҳодиса 24 май дар минтақаи Пулдораки ноҳияи Мастчоҳ, дар шимоли Тоҷикистон рух дод.
Омили қатли ин зани 42 сола бародаршавҳари 43 солааш эълом шудааст. Тибқи ин гузориш, фоҷеа замоне рух дода, ки қотил ба думболи ҷанҷол бо зани бародараш 20 зарбаи корд ба бадани ӯ ворид кардааст. Дар натиҷа зан дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.