Конибодом: раис ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Конибодом раиси комиссияи тақсими манзилӣ ба иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik.  Дар вилояти Суғд, дар шаҳри Конибодом раиси комиссияи манзилӣ ба иттиҳоми гирифани пора дастгир шуд, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Аваз Шодиеви 53-сола, раиси комиссия ҳангоми гузаронида чораҳои ҷустуҷӯӣ дастгир гардидааст.

Гуфта мешавад, номбурда  аз зани 48 солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев  барои мусоидат намудан ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,8 га, маблағи 5 000 сомонӣ  ҳамчун пора талаб кардааст.

"27-уми майи соли  равон, тахминан соати 15:00, номбурда дар назди бинои ҶСК бонки "Эсхата"-и шаҳри Конибодом ҳангоми аз зани мазкур гирифтани 5000  сомонӣ дастгир шуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Нисбат ба  Шодиев Аваз Юлдошевич  парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32, қисми 3, 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0